Ниёиш


Туро чу ёд мекунам, чаҳон мешавам, Худо
Канори Ту расида бе карон мешавам, Худо
Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само
Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо
Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манй
Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо
Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту пора шуд
Ба Ту паноҳ бурда пур-тавон мешавам, Худо
Набудй-чозиба кучо? Ту ҳастй-ҳаст чозиба
Ки аз Ту суи Ту чунин равон мешавам, Худо
Маро зи худ марон, ки ман ғубори даргаҳи туам
Ва бо Ту дар худийи худ аён мешавам, Худо

Ишки точикона


Зулоли ашкҳои ту баҳона шуд
Садои гиряҳои мо тарона шуд
Ту омадиву кулбаи хароби ман
Чу кохи шоҳи олами фасона шуд
Нишастй дар канори ман ва ҳосилаш
Таронабусаҳои шоирона шуд
Зи атри хандаҳои софу беғашат
Ҳар он чй ғам, фирорй аз миёна шуд
Канори ҳам, ману ту бекарон шудем
Муҳаббате зи навъи точикона шуд

Харфхо


Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо
Аз уболу аз савоби ҳарфҳо
Ин хама шабхои бехобии ман
Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо
Зарбаҳои қалби ман дар синаам
Як танин аз изтироби ҳарфҳо
Мешавад дар пайкари ман зилзила
Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо
Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу
Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо
Бим дорам, окибат аз ин чахон
Меравам ман дар рикоби ҳарфҳо

Эй чони ман


Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
«Ман»ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як «мо» шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.

Дар ру ба руи акси кудакй-2


Дар Ту бедор аст руҳи кудакй,
Ифтихороту футуҳи кудакй.
Дар нигоҳи соддаи Ту метапад,
Он ғурури ҳамчу куҳи кудакй.
Ин куфайка дар танат ҳамчун қабо,
Тоқиат точи шукуҳи кудакй.
Дар зулоли дидагони поки Ту,
Киштй месозад Нуҳи кудакй.
Ру ба руят менадонам ман киям?
Як фирорй аз гуруҳи кудакй.

Базми фалак


Шаб фуру афтод аз боми фалак
Руз шуд зиндонии доми фалак
Мохи шабрав хамчу нони ширмол
Ахтарон олучаи шоми фалак
Абрхои бодбонй хар тараф
Дар шино монанди эхроми фалак
Шабнам аз мижгони шаб парвоз кард
Шахдрезон шуд аз ин коми фалак
Кахкашон бар муштарй гулдаста дод
То бирезад бода бар чоми фалак
Аз нигохи масти ахтархои дур
Бар замин борида инъоми фалак
Хилвати зебои мо дар калби шаб
Инчунин бинмуда айёми фалак

Дар ру ба руи акси кудакй 1


Эй бегам, эй азиз, холо кучои Ту?
Хун мешавад дилам хар дам барои Ту.
Эй он ки рафтаи аз ман ба киссахо,
Гум кардаам дарег, ман изи пои Ту.
Дар хобхои шаб мебинамат гахе,
Бедор мешавам,аз ҳой-ҳои Ту.
Ман дар Ту гум шудам,ё гум намудамат,
Ту мотами манй, ё ман азои Ту?
Ман аз Ту рафтаам, аммо Ту бо манй,
Дар шеърхои ман харфу хичои Ту.
Эй кош мешудй чун сехру чодуе,
Дар қоб мешудам як дам ба чои Ту!

Савори сабз


Хазони зард меравад, бахори сабз мерасад
Ба сарзамини руху чон, хумори сабз мерасад
Зи изтироби бодхо хадиси рафтаро магу
Ба сарзамини интизор карори сабз мерасад
Ба мехвари замин нигар, ки аз самои хафтумин
Ба ифтихори хокиён мадори сабз мерасад
Каманди зулфи тобдор зи касди калбхо бигир
Ба юмни дому дори ту шикори сабз мерасад
Дигар сар омад интизор, биё ки чумъаи дигар
Савори асби бодпо, нигори сабз мерасад

Достони нимашаб


Як нигохи гарм дидам нимашаб,
Лахзае аз худ рамидам нимашаб.
Гуфтам: охир, ман кучову он парй?
З-у нигохамро буридам нимашаб.
Лек, чун охиста суям ханда кард
Дар канораш орамидам нимашаб.
Халка шуд дастони у бар гарданам,
Ман лабонашро макидам нимашаб
Чодари зебои у шуд болу пар
То фалакхо пар кашидам нимашаб…

Имшаб чу шабхои дигар


Девонаам, девонаам, имшаб чу шабхои дигар
Аз хештан бегонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Хачри рухи зебонигор, манро намуда бодахор,
Лабрез бин паймонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Чун бода махмурам кунад, аз хештан дурам кунад,
Дар олами афсонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Ман бодаро масти дихам хар бударо хасти дихам,
Гуи ки ман фарзонаам,имшаб чу шабхои дигар.
Мургони хасти масти ман, афтода андар шасти ман,
Хам обаму хам донаам, имшаб чу шабхои дигар.
Ман майкашонро май дихам, хам нолахо бар най дихам,
Масчидаму бутхонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Хохам, ки суи у равам, аз чокарони у шавам,
Дар по вале завлонаам, имшаб чу шабхои дигар