Метарсам


Ман аз ишки занони пир метарсам
Шикори хастаам, аз тир метарсам
Каманди зулфи печонат бипушон
Ки аз ин дому ин занчир метарсам
Нигоҳи масти худ бар ман марезон
Ки аз ҳар бозии тақдир метарсам
Маро бо бусаҳо беҳуда нанвоз
Ман аз ислоҳу аз таҳрир метарсам
Баёзи гарданат як бусагоҳ аст
Вале аз чурму аз тақсир метарсам
Туро дар хоби шаб дидам, чй дидам?
Ки аз ҳар фолу ҳар таъбир метарсам
Ба абруят мазан холу хат, эй бут
Мусалмонам ва аз такфир метарсам

One response to “Метарсам

  1. Субуте бахшад пиронро…. Даврони кудакиро таровату шурхолие хаст ки назди хамагон матлуб аст. Аммо пирони тарикатро, ки тифлони ишканд, ахволу атворе хаст, ки харчанд дар сурат ба атвори кудакон монанд, аммо он ду суратро хазор фарсанг фосила хаст, аз он чо, ки кудакон дар гафлатанд ва орифон дар зикру огохи.
    Дар афсонахои Юнон омадааст ки чун Эрос-илохои Ишк дахсола шуд, тиру камон ба даст гирифт ва дар осмон ба сайди ошикон пардохт. Аммо хар чи замон гузашт, аз мартабаи кудаки берун наёмад. Модараш Афродит, ки Илохаи Зебои буд, уро назди Аполо- табиби худоён бурд, то иллатро чуё шавад. Аполо гуфт, ки ин фарзанд то абад кудак хохад монд, хеч гох пир нахохад шуд. Рамзи кисса дар ин аст: Ишк фарзанди зебои, пайваста кудак аст, ва ошикон пайваста чавон хоханд буд.
    «Он шохиде наям, ки фардо шавад очуз,
    Мо то абад чавону дилорому хушкадем»(Деевони Шамс)

    Ва сирри ин,ки маъшуки азал ва мухибони уро сабию шохиди писар хондаанд, ташобух дар хамон авсофи матлуб дар кудакон аст:
    «Дилбарам шохиду тифл асту ба бозй рузе
    Бикушад зораму дар шаръ набошад гунохаш» (Хофиз)

    «Хирад зи пирони ман кай хисоб баргирад,
    Ки бо зебосанаме тифли ишк мебозам»(Хофиз) (ФИХИ МО ФИХИ, ЧАЛОЛУДДИНИ РУМИ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s