Модар кучой Ту


Ман омадам ба хонаат, Модар кучой Ту
Мебусам остонаат, Модар кучой Ту

Дарвоза сахт баставу дар хавлй аз чй не
Он дилкушо нишонаат, Модар кучой Ту

Аз гурбати чудоихо чун чуча омадем
Муштоки обу донаат, Модар кучой Ту

Дишаб ба боги гулфишон дар хоби ман, падар
Дасташ ба руи шонаат, Модар кучой Ту

Овах, чй сахт будааст бемодарй, биё
Бо киссаву фасонаат, Модар кучой Ту

Бе ту гарибу бекасу овора мемирам
Бо ёди ошёнаат, Модар кучой Ту

Тавба


Эхтироми «ё Алй» дар шонахо лангар зада
Факр бар чашми адолат гарди хокистар зада

Боми такво чун мукавво зери борони риё
Нам кашида, хонаи дил куфлхо бар дар зада

Доғи дар пешониву тасбехи дасти муфсидон
Хар мусалмонзодаро дар ҷиргаи кофар зада

Мусхафу саччодаро муздури мансаб кардаанд
Дар буруту ришашон шайтонхо сангар зада

Дар шигифтам ман аз ин сабри Худои мехрубон
Тавба, тавба ин мадоро рахна бар бовар зада

Бо бе ту


Бодаи мухаббатро дар пиёлаи ҳушам
Соқиё, бирезу бин ман чй гуна менушам

Бехудам бикун аз худ, то шавам зи нав пайдо
Дар бағал бигирам то гум шавй дар оғушам

Норасида бар куят аз ту лаззате дорам
Гуйи буда як умре бозуи ту бар душам

Дери дери дер омад ишқи ман суроғи ту
Тоза бо ту ху кардам, мекунй фаромушам

Созу сузи шеъри ман беасар ба қалби ту
Ман ба базми ишқи ту ҳамчу шамъи хомушам

Аз ғами чудоиҳо пираҳан сиёҳам ман
Дар даруни чисми худ мурдаи кафанпушам