“Соқинома”


Биё соқӣ, он май ки гармӣ диҳад
Ки сахтӣ зудояд ва нармӣ диҳад

Ба мо деҳ ки кишвар пур аз сахтӣ аст
Ва сахтӣ нишони сияҳбахтӣ аст

Аз ин сахтиҳо, яке сардӣ бин
Ва кораш хилофи ҳама мардӣ бин

Дамодам тачовуз ба ҷон мекунад
Ва ашки зану мард равон мекунад

Аз у ҳамчу яхдон ҳама хонаҳо
Ба вижа дар ин микрвайронаҳо*

Ба чисми наҳифу ба рухсори зард
Ҳама пиру кудак гирифтори дард

Касеро мачоли нишастан намонд
Ҳама шаҳриро ба русто биронд

Биё соқӣ он май ки нур офарад
Ва як лаҳза чатри зулумат дарад

Бинушему нури Худойӣ диҳад
Чароғи мунаввар ба дилҳо ниҳад

Зи бебарқӣ ҷонҳо ба лаб омада
Ва рузон ба дида чу шаб омада…

………
*микрорайонҳо

Ишкхоро дар вучудам дафн кард


Ишкхоро дар вучудам дафн кард
Тоатамро дар сучудам дафн кард

Ин хамон иблиси одамруй буд,
Будахоро дар набудам дафн кард

Лаззати ангезаро дар ман бикушт
Он чахоне ки кушудам, дафн кард.

Бо хама найранги хамчун анкабут
Шавкро дар тору пудам дафн кард

Ох аз ин навхочаи бе хуввият
Шодихоро дар сурудам дафн кард

Чун хуруси бемахал фарёд кард
Субхро дар шоми дудам дафн кард

Хайрати ойина дар у пора шуд
Сайкале ки ру намудам, дафн кард