МАРДЕ ТАНҲО


Шаб. Бод.Фасли тирамаҳ.Дар хилвати худ бо худаш,

Дар имтидоди ҷодаҳо, танҳо Худо, танҳо худаш.

 

Сар хам, ду дасташ рӯ ба пушт, буғзе занад ӯро ба мушт,

Дунболи чизи гумшуда мегардад ӯ ҳар ҷо худаш.

 

Бо сангҳо  гап мезанад, бо сангҳои рӯи роҳ,

Марде дақиқан мисли ман, марде, ки бо руъё худаш.

 

Дар гӯшае истодаам,дар гӯшае истодааст,

Ман банди дунёи худам, ӯ дар дили дунё худаш.

 

Боди хазон ӯро барад бар олами бигзаштаҳо,

Оҳиста оҳе мекашад дар ҳасрати фардо худаш.

 

Дар гиру дори обирон ӯ дар суроғи одам аст

Мебинамаш дар зоти худ Одам худаш, Ҳавво худаш.

 

Ӯ шоири ошуфта аст, аз боду борон гуфтааст,

Беэътино бар жожҳо пайдову нопайдо худаш.

 

Мебинамаш, мебинадам дар ҳалқаи худкомагон,

Ман барҳазар аз ҳалқаҳо, ӯ асли истиғно худаш.

 

Пои пиёда меравад печида дар дунёи худ,

Ҳам бо Худо, ҳам нохудо, киштӣ худаш, дарё худаш.

 

Мебинамаш, дар ҳайратам, мебинадам, дар ҳайрат аст,

Ӯ ман шуда ин лаҳзаҳо бо ин амалҳо, ё худаш?