ДАСТОНИ ДУО


Тақдим ба табибони ҳозиқ, ки қаҳрамонона алайҳи вабои аср меҷанганд.
Ёду хотираи пизишконе, ки қурбонии мубориза бо COVID-19 шуданд, гиромӣ бод!

 

Эй парастор, эй табибе, ки шифо меоварӣ
Дардмандему даворо аз Худо меоварӣ

Ҳар касе уфтод рӯи тахти ғам, бархостӣ
Бар тану чашму дил иксири сафо меоварӣ

Эй расули ишқу уммед, эй Масеҳоинафас
Шӯри буданро барои лаҳзаҳо меоварӣ

То сафедии либосат ояе аз раҳмат аст
Ҳар нафас атри саломатро ба мо меоварӣ

Дастҳоят мазҳаре аз рушанию зиндагӣ
Пури Синоӣ, ба дарди мо даво меоварӣ

Аз Худо баҳри ту дастони дуо бикшодаем
Чорае ҳатман барои ин бало меоварӣ