Дар бораи ман

Дар ташкилоте кор мекунам. Аз корам такрибан розиам. Шеъргунахое менависам, ки на хамеша хонданианд. Дар ин чо ва чанд чои дигар, ки низ овардахои банда хастанд, намунахое гузоштаам. Ба хамаи онхое, ки ба ин кулба меоянд, хайра макдам мегуям.

Бо хештанам, аммо аз хеш гурезонам
Ман гум шудаам дар худ, пайдояму пихонам
Рохе, ки сипардам ман, чохе ба карон будаш
Афтода ба чохам ман, гумгаштаи Канъонам
Дар мулки Каён чустам худро нашудам пайдо
Дар чамъи зи худ гофил, чун бод парешонам
Ин чо хама ахли кол, аз хол хама дуранд
Афтода ба як кунче дилсарду пушаймонам

Мох ва мохй

Дар миёни хавзи ороми гуруб
Акси мох дар умки об
Мохие андар канораш

Ногахон
Шаст уфтод
Мох ларзид
шикаст,
пора шуд
Мохй солим буд
Аммо
Дар миёни шаст

бечора шуд

………..

Об ором шуд
Мох аз нав шуд падид
Сад дарего
Мохиро дигар касе он чо надид

Симфониёи пойиз

Чи сахт аст,чи сахт аст,
Барои шохахо зи баргхо чудо шудан
Ва сахттар аст барои баргхо зи чамьи шохахо чудо шудан…………ба зери по шудан।

Чи сахт аст, чи сахт аст,
Барои чашмахо зи кух сарнагун шудан,Фуру шудан ба коми мавчхои руд,
Ва гум шудан।

Чи сахт аст, чи сахт аст,
Барои бод , ки мевазад , медавад, меравад………….ба хеч кучо намерасад।
Ва сахттар аст барои ман
Агар туам рахо куни,…..зи олами умедхо чудо куни।
Чи сахт аст,чи сахт аст,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s