ДАСТОНИ ДУО


Тақдим ба табибони ҳозиқ, ки қаҳрамонона алайҳи вабои аср меҷанганд.
Ёду хотираи пизишконе, ки қурбонии мубориза бо COVID-19 шуданд, гиромӣ бод!

 

Эй парастор, эй табибе, ки шифо меоварӣ
Дардмандему даворо аз Худо меоварӣ

Ҳар касе уфтод рӯи тахти ғам, бархостӣ
Бар тану чашму дил иксири сафо меоварӣ

Эй расули ишқу уммед, эй Масеҳоинафас
Шӯри буданро барои лаҳзаҳо меоварӣ

То сафедии либосат ояе аз раҳмат аст
Ҳар нафас атри саломатро ба мо меоварӣ

Дастҳоят мазҳаре аз рушанию зиндагӣ
Пури Синоӣ, ба дарди мо даво меоварӣ

Аз Худо баҳри ту дастони дуо бикшодаем
Чорае ҳатман барои ин бало меоварӣ

Дар нахустин баҳори бемодарӣ


Дар сина дил ситезад, омад баҳор бе ту,

Об аз ду дида резад, омад баҳор бе ту.

 

Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери чархи гардун,

Шодӣ зи ман гурезад, омад баҳор бе ту.

 

Дар пуштаи мазорат- он водии хамӯшон

Имрӯз сабза хезад, омад баҳор бе ту.

 

Дар ғурбати ятимӣ дишаб, ки гиря кардам,

Борон ба шиша мезад, омад баҳор бе ту.

 

Афсӯсу дард, Модар, ман омадам, ки рафтӣ,

Бар пешгоҳи Эзад, омад баҳор бе ту.

 

***

Дарвозаро ба рӯям, баъд аз ту, эй фаришта

Дигар кӣ мекушояд, омад баҳор бе ту.

 

Баъд аз шумо Хуҷаста побанди ғусса гашта,

Марсия месарояд, омад баҳор бе ту.

МАРДЕ ТАНҲО


Шаб. Бод.Фасли тирамаҳ.Дар хилвати худ бо худаш,

Дар имтидоди ҷодаҳо, танҳо Худо, танҳо худаш.

 

Сар хам, ду дасташ рӯ ба пушт, буғзе занад ӯро ба мушт,

Дунболи чизи гумшуда мегардад ӯ ҳар ҷо худаш.

 

Бо сангҳо  гап мезанад, бо сангҳои рӯи роҳ,

Марде дақиқан мисли ман, марде, ки бо руъё худаш.

 

Дар гӯшае истодаам,дар гӯшае истодааст,

Ман банди дунёи худам, ӯ дар дили дунё худаш.

 

Боди хазон ӯро барад бар олами бигзаштаҳо,

Оҳиста оҳе мекашад дар ҳасрати фардо худаш.

 

Дар гиру дори обирон ӯ дар суроғи одам аст

Мебинамаш дар зоти худ Одам худаш, Ҳавво худаш.

 

Ӯ шоири ошуфта аст, аз боду борон гуфтааст,

Беэътино бар жожҳо пайдову нопайдо худаш.

 

Мебинамаш, мебинадам дар ҳалқаи худкомагон,

Ман барҳазар аз ҳалқаҳо, ӯ асли истиғно худаш.

 

Пои пиёда меравад печида дар дунёи худ,

Ҳам бо Худо, ҳам нохудо, киштӣ худаш, дарё худаш.

 

Мебинамаш, дар ҳайратам, мебинадам, дар ҳайрат аст,

Ӯ ман шуда ин лаҳзаҳо бо ин амалҳо, ё худаш?

“Соқинома”


Биё соқӣ, он май ки гармӣ диҳад
Ки сахтӣ зудояд ва нармӣ диҳад

Ба мо деҳ ки кишвар пур аз сахтӣ аст
Ва сахтӣ нишони сияҳбахтӣ аст

Аз ин сахтиҳо, яке сардӣ бин
Ва кораш хилофи ҳама мардӣ бин

Дамодам тачовуз ба ҷон мекунад
Ва ашки зану мард равон мекунад

Аз у ҳамчу яхдон ҳама хонаҳо
Ба вижа дар ин микрвайронаҳо*

Ба чисми наҳифу ба рухсори зард
Ҳама пиру кудак гирифтори дард

Касеро мачоли нишастан намонд
Ҳама шаҳриро ба русто биронд

Биё соқӣ он май ки нур офарад
Ва як лаҳза чатри зулумат дарад

Бинушему нури Худойӣ диҳад
Чароғи мунаввар ба дилҳо ниҳад

Зи бебарқӣ ҷонҳо ба лаб омада
Ва рузон ба дида чу шаб омада…

………
*микрорайонҳо

Ишкхоро дар вучудам дафн кард


Ишкхоро дар вучудам дафн кард
Тоатамро дар сучудам дафн кард

Ин хамон иблиси одамруй буд,
Будахоро дар набудам дафн кард

Лаззати ангезаро дар ман бикушт
Он чахоне ки кушудам, дафн кард.

Бо хама найранги хамчун анкабут
Шавкро дар тору пудам дафн кард

Ох аз ин навхочаи бе хуввият
Шодихоро дар сурудам дафн кард

Чун хуруси бемахал фарёд кард
Субхро дар шоми дудам дафн кард

Хайрати ойина дар у пора шуд
Сайкале ки ру намудам, дафн кард

Марсияи ишқ


Вайронахои ёди туро гиря мекунам
Эй ишк, ичтиходи туро гиря мекунам

Дар турбати бихиштии модар шукуфтай
Эхёи пуртазоди туро гиря мекунам

Ту будаиву будаам андар чахони ширк
Имону эътикоди туро гиря мекунам

Дар гиряхои хандаи андухи марсия
Сугу азои шоди туро гиря мекунам

Акнун вучуди ту хун асту руху чон, ки ман
Эчози иттиходи туро гиря мекунам

Бо гиряхо, ки хандаи такдири осианд
Поёни имтидоди туро гиря мекунам

Донам, ки окибат охиста мекушй маро
Огози инъикоди туро гиря мекунам

Модар кучой Ту


Ман омадам ба хонаат, Модар кучой Ту
Мебусам остонаат, Модар кучой Ту

Дарвоза сахт баставу дар хавлй аз чй не
Он дилкушо нишонаат, Модар кучой Ту

Аз гурбати чудоихо чун чуча омадем
Муштоки обу донаат, Модар кучой Ту

Дишаб ба боги гулфишон дар хоби ман, падар
Дасташ ба руи шонаат, Модар кучой Ту

Овах, чй сахт будааст бемодарй, биё
Бо киссаву фасонаат, Модар кучой Ту

Бе ту гарибу бекасу овора мемирам
Бо ёди ошёнаат, Модар кучой Ту

Тавба


Эхтироми «ё Алй» дар шонахо лангар зада
Факр бар чашми адолат гарди хокистар зада

Боми такво чун мукавво зери борони риё
Нам кашида, хонаи дил куфлхо бар дар зада

Доғи дар пешониву тасбехи дасти муфсидон
Хар мусалмонзодаро дар ҷиргаи кофар зада

Мусхафу саччодаро муздури мансаб кардаанд
Дар буруту ришашон шайтонхо сангар зада

Дар шигифтам ман аз ин сабри Худои мехрубон
Тавба, тавба ин мадоро рахна бар бовар зада

Бо бе ту


Бодаи мухаббатро дар пиёлаи ҳушам
Соқиё, бирезу бин ман чй гуна менушам

Бехудам бикун аз худ, то шавам зи нав пайдо
Дар бағал бигирам то гум шавй дар оғушам

Норасида бар куят аз ту лаззате дорам
Гуйи буда як умре бозуи ту бар душам

Дери дери дер омад ишқи ман суроғи ту
Тоза бо ту ху кардам, мекунй фаромушам

Созу сузи шеъри ман беасар ба қалби ту
Ман ба базми ишқи ту ҳамчу шамъи хомушам

Аз ғами чудоиҳо пираҳан сиёҳам ман
Дар даруни чисми худ мурдаи кафанпушам

Чойиву нони Ватанро ёд кардам


Ман зимистони Ватанро ёд кардам

Барфу борoни Ватанро ёд кардам

Чун дарахте дар кавири ташна хушкам

Чашмасорони Ватанро ёд кардам

Дар хавои дашту кухаш синатангам

Богу бустони Ватанро ёд кардам

Дар миёни шуразори холй аз бод

Киштзорони Ватанро ёд кардам

Гарду хоки хирманаш бар дидахоям

Марди дехкони Ватанро ёд кардам

Ях задам андар мухити сарди бемехр

Мехри рахшони Ватанро ёд кардам

Чонам аз “нукл” и гарибй серу пур шуд

Чойиву нони Ватанро ёд кардам