Дафтари шеърам


Дафтари шеърам парешони ту шуд,
Сафҳа – сафҳа моту ҳайрони ту шуд
Байтҳоям сояе аз зулфи ту
Хомаам ойинагардони ту шуд.
Омадиву ин вучуди хастаам,
Чойи пойи амру фармони ту шуд.
Хонаам шуд гулшане аз мақдамат,
Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд.
Сарнавишти ту сиришти ишқи ман,
Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд.
Бусаам дар роҳи чашмат ланг шуд,
Ҳасрати ман оҳи пинҳони ту шуд.
Ин ғазал гуфтам, ки шояд хониаш,
Ашки талхе садди чашмони ту шуд.