Ман хастаам


Ман хастаам, ман хастаам дар гиру дори солҳо
Афтодаам, гум гаштаам андар хами гудолҳо
Ин ранги зардам кас надид, ҳарфи дилам кас нашнавид
Манро зи ман бигсастаанд, ин курҳо ин лолҳо
Аспи сапедам мерабуд гоҳу гаҳе бар Каҳкашон
Ҳайфо, варо бибридаанд, ҳам ёлҳо, ҳам болҳо
Ришу ҳичоби зоҳирй ойинаи тақво шуда,
Чуз ҳарзаҳое беш нест, ин қилҳо, ин қолҳо
Фарри Каён пар-пар шуда дар хитаи номоварон
Мадҳе намегуяд касе аз Рустаму аз Золҳо
Лайлй зи Мачнун хаста шуд, Вомиқ зи Узро дур гашт
Ҳусну малоҳат рафтааст, аз ин хату ин холҳо…