Харфхо


Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо
Аз уболу аз савоби ҳарфҳо
Ин хама шабхои бехобии ман
Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо
Зарбаҳои қалби ман дар синаам
Як танин аз изтироби ҳарфҳо
Мешавад дар пайкари ман зилзила
Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо
Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу
Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо
Бим дорам, окибат аз ин чахон
Меравам ман дар рикоби ҳарфҳо