Эй чони ман


Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
«Ман»ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як «мо» шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.