Устоди пойиз


Барги хазон раксон шуда дар бодхо, дар бодхо
Дар бодхо бар по шуда фарёдхо, фарёдхо
Гуйи ки ҳар барги хазон як пора аз хуршед ҳаст
Устоди поиз мекунад эчодхо, эчодхо
Абри парешон медавад дар осмон в-аз боли у
Афсона гул-гул мешавад дар ёдхо, дар ёдхо
Боди вазон бо панчааш хат мекашад дар панчара
Бошад, ки арзон дорадам иршодхо, иршодхо
Ман дар мадори ишки ту чун бодхо рахгум задам
Аз ин хато дар хастиам бедодхо, бедодхо

Чора


Ман худамро гиря кардам, то лабам хандон шавад
Синаро хунбор кардам, то дилам дармон шавад
Дар вучудам гур кардам пайкари афсурдаро
То мани ранчуру хаста гоибу пинхон шавад
Гуссахоро дафн кардам дар хами лабхандхо
Хандаро озодй додам, дар лабам султон шавад
Хастиамро хок кардам, то ба лутфи кузагар
Ин тани чун ташти холй куза ё гулдон шавад
Дар танури сарнавишт аз оташи гам сухтам
Сохтам бо сахтихо, то зиндагй осон шавад

Хушхироме


Хушхироме хандае такдим кард
Лаб ба лаб бифшурду як таъзим кард
Бо нигохе масту махмуру латиф
Рухи бемори маро тармим кард
Атри худро бар фазо арзонй дод
Накхаташро бо насим таксим кард
Чашми у дар чашми ман тавлид шуд
Дарси руишро ба ман тарсим кард
Бе тамаъ буд нози лабханди гулаш
Ишкро бо ошикй такрим кард
Дар нигохи шаркиаш гаштам шахид
Пилк бар хам зад, маро ду ним кард
Дар парешонй шудам гум, у бирафт
Синаро мамлу зи тарсу бим кард
То шавам огах ман аз фарчоми кор
Гесувонро тоб доду «чим» кард

Омаданам рафтан аст…


«Омаданам рафтан аст ,рафтани ман омадан»,
Зиндагиам чист,чист?Дору гири мову ман.
Ин «ман»и ман «мо» нашуд ,аз худи танхо нашуд,
Чашми дилаш во нашуд,дар кафаси ин бадан.
Кушиши бахри бако — фалсафаи буданам,
Бардагие беш нест ин хама бардору зан.
Ман ба хазорон умед бар дари дуст омадам,
Вах,нашинохт у маро,гуфт бирав аз Ватан.
Рафт ба бод орзу,ишки дилам хок шуд,
Пйкари ман нест чуз як часаде дар кафан.
Ошикиро гур кун дар дили худ ,эй рафик,
Ошики ин чо мачу чуз ба калому сухан.
Токати дил ток шуд з-ин хама бегонаги,
Сидк бибояд ки чуст берун аз ин анчуман.

Биё


Тира шуд ойина аз охам, биё

Бе ту гум шуд дар уфук рохам, биё

Хар тулуям як гуруби бе мах аст

Кахкашони бе пари кохам, биё

Дар хавои катра ашкам хушк шуд

Ташнакоме бар сари чохам, биё

Рузхоро рузй аз ту дидаам

Дар гуруби тира, эй мохам биё

Бе ту шодию фарах бе рахбар аст

Эй ту бар ин сарзамин шохам, биё

Дафн кард


Ишкхоро дар вучудам дафн кард
Тоатамро дар сучудам дафн кард
Ин хамон иблиси одамруй буд,
Будахоро дар набудам дафн кард
Лаззати ангезаро дар ман бикушт
Он чахоне ки кушудам, дафн кард.
Бо хама найранги хамчун анкабут
Шавкро дар тору пудам дафн кард
Ох аз ин бонуву калби танги у
Шодихоро дар сурудам дафн кард
Чун хуруси бемахал фарёд кард
Субхро дар шоми дудам дафн кард
Хайрати ойина дар у пора шуд
Сайкалеро ки зудудам, дафн кард

Шахри хаста


Дишаб рафту oмaд, як рузи масти хаста,
Як рузи ворахида аз дасти масти хаста
Пар мекушояду лек парвоз менатонад,
Чун мохии гирифтор дар банди шасти хаста.
Aз сояхои сузон хуршед мегурезад
Офтоб-соя буд аз рузи аласти хаста.
Ин шахри пири бе рух бо кучахои холй
Истода рох мерад чун майпарасти хаста.
Як шоири хаёлй бо истакони бода
Дар худ панох бурда аз як нишасти хаста

Oхиста, охиста


Маро дар сина султон мешавй, охиста, охиста

Тани афсурдаро чон мешавй, охиста, охиста

Умед-ин шамъи дар холи хамуширо ту бо ишкат

Ачаб зебо нигахбон мешавй, охиста, охиста

Маро ки дарди ишк аз дил фирорй буд то ин дам

Ту чун ойинагардон мешавй охиста, охиста

Туро дар гурбати эхсоси худ мехмони дил кардам

Чу сохибхона мизбон мешавй охиста, охиста

Дигар номахраме харгиз намеояд ба мулки дил

Дар ин вайрона дарбон мешавй охиста, охиста

Саволхо


Намедонам ба дунболи чи мегардам
Чаро махви сутуни сояи сардам
Ва дар калби кавири хотироти дур
Чу рахгумкарда зохир мешавам хардам?
Садое менаояд аз сукути шаб
Ки бошад кам кунад аз сузиши дардам
Бахор омад,наомад модар аз пушта,
Ба зери сакфи гурбат бепадар фардам
Дар ин симфунии танхойи ёди он
Ду афришта накарда лахзае тардам
Чу бар поён расад харфу хадиси руз
Чи хохад буд пас фардо раховардам?

Лек


Ҳамсояи мо шеър намехонаду лек
Қонуну фани зулол медонаду лек
Аз ҳарфу ҳичои ман хушаш меояд
Бинвиштани ин гуна наметонаду лек
Хоҳад хама шаб китоби ашъори маро
Бо дида варақ-варақ бигардонаду лек
Аз бими ҳасодати ду-се ҳочинамо
Дарвоза ба руи хеш пушонаду лек
Як шоираки ҳасудаки кибрандеш
Манро зи яке «блог» меронаду лек
Фардои чаҳони шеър на мову на у
Байту ғазалу зулол мемонаду лек