Бо бе ту


Бодаи мухаббатро дар пиёлаи ҳушам
Соқиё, бирезу бин ман чй гуна менушам

Бехудам бикун аз худ, то шавам зи нав пайдо
Дар бағал бигирам то гум шавй дар оғушам

Норасида бар куят аз ту лаззате дорам
Гуйи буда як умре бозуи ту бар душам

Дери дери дер омад ишқи ман суроғи ту
Тоза бо ту ху кардам, мекунй фаромушам

Созу сузи шеъри ман беасар ба қалби ту
Ман ба базми ишқи ту ҳамчу шамъи хомушам

Аз ғами чудоиҳо пираҳан сиёҳам ман
Дар даруни чисми худ мурдаи кафанпушам